Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади таълимӣ мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ мегузаронад. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонони то 17-сола аз 15-уми июн то 2-юми июл дар кишвари Тайланд баргузор мешавад.

Ҷиҳати иштирок дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 15-ум то 30-юми март дар Даммам доир мешавад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27-бозингар, аз ҷумла 3-дарвозабон, 6-ҳимоятгар, 13-нимҳимоятгар ва 5-ҳамлагарро даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ наврасони кишвар чор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Бояд қайд намоем, ки рақибони тими мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, рӯзи 30-март зимни қуръакашие дар Бангкок маълум мешавад.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон дар Тайланд, чор тими беҳтарини мусобиқа роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Перуро ба даст меоранд.