Лоиқ Раҷабов рақобати нахустинашро дар UFC бо пирӯзӣ анҷом дод

Шаби 5-уми март размкори муваффақи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар рақобати дебютиаш дар ташкилоти бонуфузи UFC дар Лас-Вегас ғолибият ба даст овард.

Рақиби Лоиқ размкори аргентинӣ Эстебан Рибовичи 26-сола буд, ки баъд аз 11-пирӯзии бе бохт дар корномаи варзишиаш, аз муштзани тоҷик шаҳди нокомӣ чашид.

Бояд қайд намоем, ки Лоиқ Раҷабов (16-4-1) дар рақобатҳои анҷомдодаш 12-пирӯзӣ дошт. Эстебан Рибович (11-0) бошад дар рақобатҳои доир кардааш 11-пирӯзӣ дар ҳисобаш ба қайд гирифта буд.

Набарди ин ду размкор дар ҳашткунҷа 3-раунд идома кард ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ ба размкори тоҷик Лоиқ Раҷабов дода шуд.

Эстебан Рибович бошад, пас аз 11-пирӯзӣ маротибаи аввал шикаст хӯрд. Лоиқ Раҷабов бошад, ғалабаи 13-умашро дар корномааш ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз Нурулло Алиев – Лоиқ дуюмин размкори тоҷик аст, ки дар UFC ҳунарнамоӣ мекунад ва дар рақобати дебютиаш пирӯз мегардад.