Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии дуюми Ҷоми Осиё-2023 бар тими Уммон пирӯзӣ ба даст овард

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Уммон (U-20) бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз гардид.

Голи ягонаи ин рақобатро дар дақиқаи 79-ум сарвони тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Амадонӣ Камолов ба самар расонид.

Акнун дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби ҷавонони то 20-соалаи кишвар рӯзи 8-март бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ду вохӯрӣ 6-имтиёз ба даст овардааст, рақобат менамояд.