Мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии Юсуф Рабиев рӯзи 5-март барои ширкат дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» ба шаҳри Бурирами Тайланд сафар кард.
Ба ҳайати мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) 21-бозингар – аз ҷумла 3-дарвозабон, 6-ҳимоятгар, 9-нимҳимоятгар ва 3-ҳамлагар номнавис гардидаанд.
Мунтахаби бонувони ҷавони кишвар дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Тайбейи Чин (8-март), Тайланд (10-март) ва Ӯзбекистон (12-март) рақобат мекунад.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни тимҳои бонувони (U-20):
Гурӯҳи «Е»
Даври 1-ум
Рӯзи 8-март (чоршанбе)
Тайбейи Чин – Тоҷикистон
Тайланд – Ӯзбекистон
Даври 2-юм
Рӯзи 10-март (ҷумъа)
Тоҷикистон – Тайланд
Ӯзбекистон – Тайбейи Чин
Даври 3-юм
Рӯзи 12-март (якшанбе)
Тоҷикистон – Ӯзбекистон
Тайланд – Тайбейи Чин.