Имрӯз дар шаҳри Душанбе раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Русия бо ҳам шарики стратегӣ буда, муносибати неки дӯстона доранд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомали аз ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, изҳор дошт, ки сафари ҳайати баландпояи Русия ба Тоҷикистон ва баргузории форуми чорабиниҳои муштарак ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин зимни суханронии хеш таъкид намуд ки моҳи июни соли гузашта Сарони Тоҷикистон ва Русия, бо назардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистанд. Аз ин рӯ мо талош мекунем ки ҳамкориро бо Тоҷикистон боз ҳам тақвият бахшем, изҳор доштанд Михаил Мишустин.
Пас аз мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин бо сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода мулоқот карданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории форуму чорабиниҳои муштарак байён доштанд.
Гуфта шуд, ки соли сипаришуда гардиши савдо миёни ин ду кишвари дӯсту бародар 18 фоиз афзуда, 1,5 миллиард долларро ташкил намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо дарназардошти қавӣ гардидани робитаҳои ҳамкорӣ дар оянда ин нишондиҳанда метавонад ба маротиб афзоиш ёбад. Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Русия бунёд гардид. Ҳамзамон, миёни ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия музокироти васеъ доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ иштирок намуданд.
Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ