Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 9-ум оид ба ҳамкорихои байниминтакавии Тоҷикистону Россия бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати кишвар мулоқоти соҳибкорни Тоҷикистону Россия бо иштироки беш аз 700 нафар оғоз гардид.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд қайд гардид, ки чорабинии мазкур барои рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баъд аз ҳамоиши расмӣ миёни ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистону Россия, аз ҷумла роҳбарони мақомоти минтақавӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, маҳсулоти хурокворӣ, бофандагӣ ва дигар корхонаҳои давлати сурат гирифт.
Наҷибуллои Ҳомидҷон