Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Тавре сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя аз 23 июни соли 2010 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар иҷлосия таъкид карда шуд, ки мақсад аз қабули Протоколи мазкур аз байн бурдани монеъаҳои вуҷуддошта нисбат ба амалҳои андозбандишавандаи резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда, табодули иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор ва фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии дастрасии маълумот оид ба масъалаҳои андозӣ ба шумор меравад.
Баромадкунандагон ҳамчунин иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷомеа, бо роҳи муқаррар намудани принсипҳои асосии пешгирӣ, маҳдуд намудани истифода ва ба танзим даровардани муомилоти маҳсулоти тамоку ва дорои никотин дар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия шуда, барои таъмини бехатарӣ ва саломатии миллат, мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои дастурии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷ., Шоҳмурод Р., Раҷабзода Р. ва Ашурзода Г. пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба тағйиротҳои пешниҳодгардида, дар лоиҳа мафҳумҳои наве истифода шудаанд, ки таъиноташон аз Директиваи нави Парлумон ва Шӯрои Аврупо аз 3 апрели соли 2014 ва принсипҳои дастурӣ оид ба татбиқи Консепсияи қолабии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи мубориза бо тамоку гирифта шуда, ин мафҳумҳо имкон медиҳанд, ки маҳсулоти тамоку ва дорои никотин дақиқтар ва якхела ҳаммонанд карда шаванд, то ки дар оянда ҳангоми воридот, танзим ва фурӯши онҳо аз фаҳмиши духела пешгирӣ карда шавад.
Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани манъи пурраи истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти ғайрикашидании тамоку ва ҳама гуна маҳсулоти никотиндори ғайрикашиданӣ, аз ҷумла снюсҳо, никпэкҳо, инчунин системаҳои электронии таҳвили никотини як маротиба истифодашаванда, аз ҷумла сигорҳои электронии як маротиба истифодашаванда, ба истиснои нос ва доруворӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, усулан нав мебошад.
Зеро тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба қонуни амалкунанда, чораҳои пешбининамударо вобаста ба таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус нисбат ба ҷавонон тақвият бахшида, онҳоро аз хатари зарар ба саломатӣ эмин дошта, ба рушди минбаъда мусоидат хоҳад намуд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим ва вакилони Маҷлиси намояндагон Абдусаломзода Мунаввар, Ашурзода Гулбаҳор, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Раъно Бобоҷониён муаррифӣ намуданд.