Саидмурод Фаттоҳзода дар 22 – юмин Ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, ҳамзамон роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Саидмурод Фаттоҳзода дар 22 – юмин љаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд. Дар ин бора Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳамадато Султонов ба Радиои Тоҷикистон хабар дод.

Дар рафти ҷаласаҳои се кумитаҳои умумӣ наздик ба 250 вакил аз 50 кишварҳои дунё масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмӣ-технологӣ, гуманитарї ва муҳити зист, инчунин демократия, ҳуқуқи инсон ва як қатор масъалаҳои дигари мубрами сатњи ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Хотирасон менамоем, ки љаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия имрўз бо суханрониҳои масъулини Ассамблеяи парлумонии САҲА ба итмом мерасад.

Нуралӣ Давлат

радиои “Тоҷикистон”