Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2023 «КМВА» бо «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан» рақобат мекунанд

Марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба охир расид ва иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ муайян гардиданд.

Дар даври 1/2 ниҳоии мусобиқа рӯзи 22-феврал «КМВА» бо «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бояд қайд намоем, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023 – 100-ҳазор сомониро ташкил мекунад. Қаҳрамони мусобиқа бо 50 000-сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30-ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20-ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.