Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласа оиди бартараф намудани ҳолатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҷаласаро Раиси вилоят кушода эълон намуда дар оғози сухан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагии ва хусусан ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар вилоят изҳори сипос баён намуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода саломи гарму самимии Пешвои миллатро ба аҳли толор ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони вилоят расонда, изҳори ҳамдардии хешро ба сокинони вилоят , ки ҳангоми рух додани офати табии наздикони худро аз даст додаанд, баён намуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз намегузорад, ки шаҳрвандони он ҳангоми рух додани дилхоҳ ҳодисаи нохуш худро танҳо ҳис намоянд, ва имрӯз ҳам сафари гурӯҳи корӣ, ки таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилоят анҷом дода мешавад, нишонаи ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони он мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат ба роҳбарони вазорату кумитаҳо ва роҳбарияти вилоят супориш доданд, ки ҳарчи зудтар зарардидагонро бо хонаҳои истиқоматӣ ва ашёи рузгор таъмин намоянд.