Шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар нуҳ ҳодисаи лазиши тарма ба қайд гирифта шуд. Зарфи панҷ рӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст, ки бар асари он 19 нафар сокинони навоҳии мухталиф ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дода, тавзеҳ додааст, ки чунончӣ, 19 – уми феврали соли 2023 дар километри 327 роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб – Дарвоз, километрҳои 425, 426, 427, 447, 448 роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ, километри 554 роҳи Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ, ҳамчунин километри 12-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъаи ВМКБ тарма ба қайд гиифта шуд ва дар натиҷа роҳҳо муваққатан баста шуданд.
Бо ҷалби техникаи махсус дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон оқибатҳои тарма бартараф карда шуданд, корҳо дар ноҳияҳои Дарвоз ва Роштқалъа идома доранд.
Аз 15 то 19 феврали соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 200 ҳодисаи лағзиши тарма, 7 ярч ва 6 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи лағзиши тарма 19 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 21-уми феврали соли равон хатари омадани тарма, резиши сангу рег ва ярч боқӣ мемонад.
Дар ҳам ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз анҷоми ҳар гуна корҳое, ки дар минтақаҳои хатарнок анҷом мешаванд, аз қабили моҳидорӣ, шикор ва ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд.