БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола дар таърихи 23-юми феврал рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз Рӯзи Артиши Сурх дар Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. 23 феврали соли 1992 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро имзо кард. Он, ки бо номи Артиши миллии Тоҷикистон низ маъруф аст, феълан аз нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ ва заминӣ ва нерӯҳои сайёр иборат аст, ки тобеъи Вазорати дифоъ ҳастанд.

Рӯзи 23 феврал дар Русия, Белорус, Қирғизистон ва ҷумҳуриҳои қисман эътирофшудаи Осетияи Ҷанубӣ ва Приднестровӣ низ ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан таҷлил мешавад. Дар ин рӯз мо, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар вомехӯрем, ки ашхос нисбат ба ҳамдигар дар куҷо хизмати ҳарбиро адо кардан мепурсанд ва насли кӯҳансоламон аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо як ҳасосияти махсус ҳарф мезананд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 1992 бо сабаби набудани мутахассис аз марзи ҳамсоякишвар вазири мудофиаро даъват намуда, Александр Александрович Шишляниковро нахустин вазири мудофиаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таъин кард. Номбурда то соли 1995 дар маснади вазири мудофиа ифои вазифа мекард ва ӯро мутахассиси маҳалӣ генерал Шералӣ Хайруллоев иваз намуд, ки ахирӣ муддати нӯздаҳ сол Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз фаъолити ӯ хотироти нек боқӣ мондааст. Пешвои муаззами миллат аксар вақт ин нуктаро ёдоварӣ мекунад, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар майдони холӣ бунёд шудааст, чунки собиқ артиши Шуравӣ бинобар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи таҷҳизоти ҳарбии мансуб ба Қувваҳои Мусаллаҳро бо худ бурданд ва мо дар замони истиқлолият Артиши миллиро аз сифр шуруъ намудем.

Айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди ташаккули худ расида, бобати ҳифзи марзу буми мо ба як ниҳоди муташаккил табдил ёфтааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Артиши миллӣ дар зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ ва дигар мушаххасоти давлатӣ масъул мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои мавҷудбуда ниҳоди ҳарбии давлатист ва вазифадор дар ҳифзи тамомияти арзии мамлакат мебошад. Бар хилофи солҳои навадуми садаи гузашта, ки таваҷҷуҳ ба артиш ба сатҳи сифр мубаддал гардида буд, айни замон Артиши миллӣ дар миёни шаҳрвандон нуфӯз дошта, хеле корҳои омӯзиширо сайқал ва сатҳи омодагии афсаронро ҷиҳати ҳадафҳои кишвари мутаҷовиз ва душман ба манфиатҳои миллӣ амалан роҳандозӣ намудааст.

Бо талошҳо ва ибтикори пайгиронаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сатҳи зиндагии афсарон беҳбуд гашта, сатҳи хизмати ҳарбӣ боло рафтааст. Бинобар ин, дар замони муосир ҷавонон ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро анҷом дода, минбаъд ба мутахассиси соҳаи мудофиа табдил меёбанд ва мавқеи худро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо менамоянд. Албатта, инъикоси ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба тарзи мухталиф арзёбӣ мегардад ва ҳар гуна инъикос бе мақсад нест, аммо пояи асосии давлатдории тоҷикон, ки артиш мебошад, марҳила ба марҳила густариш ёфта, айни замон ба нерӯи таконбахше мубаддал гардидааст, чунки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нисбат ба ҳар фарди афсар бетафовут нест ва талошҳояш дар мавриди ба сатҳи кишварҳои мутараққӣ расидани Артиши миллӣ дар амал татбиқ мешаванд.

Дар Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба Қувваҳои Мусаллаҳ мушоҳида мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ номида, ҷиҳати сайқал додану бо таҷҳизоти нав таъмин намудани он чунин мефармояд: “…вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд”.

Ниҳонӣ дар силсилашеърҳои ба Артиши миллӣ бахшидашуда пойдории давлати миллиро дар иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ дониста, раванди таъсиси онро аз зумраи ибтикороти Пешвои муаззами миллат мешуморад ва мутмаин аст, ки Артиши миллӣ қудрату тартибу низом мебошад. Воқеан, ҳеҷ қудрате бе тартибу низоми муайян вуҷуд надорад ва ҳадаф аз мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ низ таъмини амнияту осудаҳолии шаҳрвандон бо дарназардошти нигаҳдории иқтидори мудофиавии мамлакат маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, тибқи таъбири Ниҳонӣ, Рӯзи Артиш “рӯзи мардони Ватан” буда, ҳифзи давлат ба дӯши онҳо вогузор аст. Гузашта аз ин, шоир зимни васф намудани Артиш таъкид менамояд, ки арзиши ҳувияти миллӣ аз қаҳрамониҳои Артиши миллӣ сарчашма мегирад ва ҳар гуна эҳсоси худогоҳӣ ба амалҳое иртибот доранд, ки онҳо дар заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ роҳандозӣ мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки Ниҳонӣ дар яке аз силсилашеърҳояш садоқатро асоси низом дониста, зимнан таъкид менамояд, ки:

Аз баҳри Ватан хӯрда чу савганди садоқат,

Ҳаргиз зи адӯ ҳоҷати таълим надорем.

Сар хам нанамоем ба ҳар хасм, Ниҳонӣ,

Дар ҳифзи Ватан мо сари таслим надорем.

Бояд мутазаккир шуд, ки анъанаи ҳифзи Меҳан тавассути садоқат доштан ба он ҳануз садсолаҳо муқаддам дар ашъори мутафаккирони тоҷик муъҷаз баён ёфта, ҳама гуна ҷавонмардӣ дар роҳи ҳифзи Ватан ва якпорчагии он тараннум ёфтааст. Аз зумраи шоҳасарҳое, ки дар он бештар ҳувияти миллӣ ва худогоҳии ҳарбӣ мавриди таҳқиқ қарор мегирад, “Шоҳнома” аст, ки муаллифаш ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дилбохтатарин ватандӯст дар таърих маҳсуб мешавад. Дар ин шоҳасар метавон ин абёти басе содиқонаро мутолиа кард:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корузор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Агар ба “Шоҳнома” чун асари эҳёкунандаи таърихи ниёгон муроҷиат кунем, пас метавон хулоса кард, ки гузаштагони мо аз қадиммулайём мавзеи иқомати худро шоиста дониста, алайҳи ғосибону таҷовузгарони мулки хеш меҷангидаанд, чунки ниёгони тоҷикон чун тамаддунофар ба рушду тараққӣ ва илму хирад алоқа дошта, аҷнабиро истиқбол намекарданд ва дар муқобили ғасбкунандагони мулки худ сипоҳи тахассусӣ доштанд. Ба қавли Фирдавсӣ, мурод аз мисраи зайл, ки “дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор” аст, фалсафае пинҳон шудааст ва дар санъати ҷанг шумора мавқеи аслиро намебозад, балки чунонки гуфтаанд: “Ҷанг ҳила аст” ва Фирдавсӣ низ ташкилу тадбирро дар ҳарб асли ғалаба бар рақиб донистааст. Ҳамин ояндабинӣ омили ҳастии тоҷикон аст, ки дар таърих ҳамеша бо ғасбкориҳои аҷнабӣ рӯ ба рӯ мешуданд ва агар қудратро бохтанд, аммо аз давлатдории миллӣ маҳрум нашуданд, чунки агар пас аз хонадони Сомонӣ аҷнабӣ дар мулки тоҷикон қудратро бо дахолати тоҷик идора менамуд ва ҳамаи одатҳои миллии мо аз қабили девондорӣ то кунун ҳифз гардидааст. Бинобар ин, бидуни қудрати Артиш ва садоқати ҳарбиён дар ҳеҷ ҷомеае ҳувияти миллӣ ба таври бояду шояд густариш намеёбад. Мо бояд анъанаи замони шуравиро идома диҳем. Он замон мардон хизмати ҳарбиро муқаддас дониста, бонувон низ марди хизматкардаро бештар истиқбол менамуданд. Хизмати ҳарбӣ нанги мардонагист ва ҳеҷ вақт ба интиқод сазовор намегардад. Ниҳонӣ низ дар силсилашеърҳояш, ки ба 30-солагии таъсиёбии Артиши миллӣ бахшида шудааст, сипоҳороиро бидуни интизоми қавӣ тасаввур карда наметавонад. Бинобар ин, дар ин маврид менависад:

Интизоми оҳанин, ҳам дар камин,

Рӯзу шаб дар марзу буму сарзамин.

Мо ҳама сарбозу афсар зери амн,

Таҳти парчам, таҳти савгандем, яқин.

Ширин Қурбонова,

муҳаққиқ