Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт бо роҳбарии вазир Азим Иброҳим аз километрҳои 12- 13 – и роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар, ки дар баъзе ҷойҳо нуқсонҳо ба амал омадааст, дидан намуданд.
Тавре Вазорати нақлиёт хабар додааст, ба гурӯҳи корӣ роҳбарият ва ҳайати муҳандисони КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ҶДММ “Роҳи Абрешим” ва дигар мутасаддиён шомил буданд.
Гуфта мешавад, вазири нақлиёт ба роҳбарият ва муҳандисони КВД “ПЛИН” ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо супориш дод, ки ҳар чи зуддтар сабабҳои пайдоиши нуқсонҳо, яъне кафидагиҳои рупӯши роҳоро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳангоми санҷиш ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки қад – қади роҳи мазкур ҷойи шустушӯйи мошинҳо ташкил шудааст, ҳамчунин каналҳо то ҷои обпартои роҳ омада, онро пур мекунанд, ки ин боиси нам гирифтан вайрон гардидани роҳҳо мегардад.
Ба иттилои манбаъ, вазири нақлиёт масъулини соҳаро вазифадор кард, ки дар якҷоягӣ бо паймонкорон ва мақомоти маҳалӣ дар тамоми масири роҳи навсохташуда бори дигар санҷиш гузаронда, сабаби пайдоиши нуқсонҳоро аниқ муайян ва ба таври хаттӣ пешниҳод намуда, камбудиҳоро то камиссия давлатии қабул пурра бартараф созанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифат ва нуқсонҳои ба амаломада дар ин роҳ интиқодҳо сурат гирифта буд.