Зубайдулло Зубайдзода бо Башшор Асад мулоқот намуд

18 феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфтааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот паёми таслияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.

Дар навбати худ, Башшор Асад аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва тақдими кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намудааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.