Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Хадамоти федеролии Роспотребнадзори Федератсияи Россия тадқиқоти миллии даври дуюми омӯзишӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат сирояти COVID-19-ро аз 15 то 19 феврали соли 2023 мегузаронад.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, навиштааст, ки хоҳишмандон барои иштирок дар тадқиқоти мазкур метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе ба марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), дар шаҳри Ваҳдат ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (МНДСЭ) ва беморхонаи марказӣ, дар шаҳри Ҳисор ба МНДСЭ, дар вилояти Хатлон ба МВНДСЭ (маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат намоянд.
Ба иттилои манбаъ, бақайдгирӣ дар назарсанҷӣ дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар ба таври электронӣ сурат гирифта, вобаста ба масъалаи мазкур агар савол доред, ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқро дастрас намоед.
Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад.