Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 19-уми феврали соли равон дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт – Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе – Хоруғ, Хоруғ- Ишкошим бар асари борону барфи шадид хатари лағзиши тармаву резиши сангу рег боқӣ мемонад.
15 – уми феврали соли 2023 дар километри 65,8-уми роҳи Душанбе-Варзоб дар натиҷаи лағзиши тарма чор мошини сабукрав зери ғарами барф монд. Бо талоши наҷотдиҳандагони КҲФ, кормандони ВКД ва хадамоти роҳи IRS ронандагон ва мусофирони ин мошинҳо наҷот дода шуданд. Аммо мутаассифона, ронандаи яке аз ин мошинҳо ба ҳалокат расид.
Барои назорат дар роҳҳо ва сари вақт расонидани ёрӣ дар ин қисмат аз роҳи кишвар қувваҳои иловагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи наҷотдиҳандагон фиристода шуданд.
Ҳамчунин барои сари вақт ба маконҳои амн интиқол додани одамон ва раҳнамоии онҳо то маконҳои бехатар Кумита як гурӯҳи корӣ созмон дод,ки онро ҷонишини аввали раиси Кумита, полковник Ҳотамшо Латифзода сарварӣ мекунад.
Дар айни замон роҳи Душанбе – Хуҷанд баста аст.
Дар ҷойи лағзиши тарма барои таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА-и ВКД ва хадамоти роҳи IRS постгоҳҳои иловагӣ сохта шудаанд.
Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Ванҷ як сокини деҳаи Техарв ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.
Дар иртибот ба рӯйдодҳои охир Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.
Ин вазъи ногувору пурхатар ва ин барфрезиву сардиҳо 3-4 рӯзи оянда идома мекунанд. Агар бароятон ҳаёти худ ва азизонатон арзиш дошта бошад, пас бояд дидаву дониста худро ба хатар наандозед!
Сабр кунед, ин рӯзҳо мегузаранд ва баъдан бе ягон хавфу хатар сафар мекунед!