Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудоифаи гражданӣ хабар додааст, ки бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғи ВМКБ 8 нафар сокинони маҳаллӣ (писар ва духтари чорсола, чор зан) ба ҳалокат расиданд. Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00 дақиқаи 15-уми феврали соли 2023 нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд.
Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дид: 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардид.
Ҳолати фавқулода дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад. Ин роҳ то ба ин лаҳзаҳо ба сабаби омадани тармаи зиёд дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад.
Ситоди доимамалкунандаи шабонарӯзии рафъи ҳолати фавқулода ва паёмадҳои офати табиӣ созмон дода шудааст.
Як ҳайати баландпояи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарварии ҷонишини Раиси КҲФ, генерал-майор И.Иброҳимзода барои ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии амалиётҳои наҷот ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба ВМКБ эъзом шуданд.
Корҳо барои расонидани ёрии фаврӣ ба хонаводаҳои фавтида ва зарардида, ҳамчунин ҷараёни бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ зери назорати шахсии Сарвари давлат қарор дорад.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулода мизони зарари расидаро муайян мекунад.