Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, ки пас аз тамдид то 15-уми феврали соли ҷорӣ муқаррар гардида буд, то як соли дигар тамдид карда шуд. Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, имрӯз, 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Ба таъкиди вазир, бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳлати азнавбақайдгирӣ дароз карда шуд, то ин ки шаҳрвандони кишвар саргардон нашаванд. Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, дар аввали моҳи январи соли 2023 шумораи симкортҳое, ки марҳилаи азнавбақайдгириро нагузаштанд, беш аз 80 ҳазор нафаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода соли сипаригардида теъдоди ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст. Гуфта шуд, ки дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 – 1637 ҳолат кам мебошад. Вазири корҳои дохилӣ бо нигаронӣ аз сатҳи пасти тарбияи баъзе наврасон гуфт, ки мутаасифона бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳоло ҳам наврасон даст ба ҷиноят мезананд. Ба иттилои вазир дар соли сипариардида аз тарафи ноболиғон 737 ва ҷавонон бошад 3572 ҷиноят ошкор карда шуд.
Ҳамзамон, дар нишасти вазорати корҳои дохилӣ таъкид гардид, ки дар қаламрави мамлакат 36 ҳолати таълимоти ғайрасмии динӣ ошкор карда шуда, 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд. “Дар ин давра нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13348 адад (2021-12192) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд”-зикр намуд, Рамазон Раҳимзода.
Баҳруллои М
радиои “Тоҷикистон”