Наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2023» медали биринҷиро ба даст оварданд

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» сазовори медали биринҷӣ гардид.

Мунтахаби наврасони кишвар дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби калони 3:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳоро аз ҳайати тими наврасони кишвар Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба самар расониданд.

Аз рӯи натиҷагирӣ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд 2023»-ро ҷамъбаст намуд. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.