Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки 17 август дар шаҳри Исфара бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 мавриди истифода қарор гирифт.
Бояд зикр кард, ки бо шарофати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоти неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду шаҳри Исфара ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Исфара бунёди як силсила биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру тармими биною иншоотҳои мавҷуда идома дошта, пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот рӯз аз рӯз беҳбудӣ ёфта истодааст.
Бинои иловагии навбунёди муассиса, ки аз 5 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 200 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст, аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ “Раҳим”-и ноҳияи Спитамен бунёд гардидааст.
Арзиши лоиҳавии иншоот 313 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории кумитаи падару модарони толибилмон пардохт гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимии шаҳр маҳсуб меёбад. Ҳайати 72 нафараи омӯзгорони мактаб таълиму тарбияи 1936 нафар шогирдонро муваффақона анҷом медиҳанд ва дастовардҳои толибилмони муассиса дар озмунҳои фаннӣ ва ҳам ҷиҳати дохилшавӣ ба мактаби олӣ низ басо назаррас аст.
Соли равон аз 109 нафар хатмкунандагони мактаб 82 нафар ё худ 75%-и онҳо сазовори номи донишҷӯ гардиданд, ки ин нишондоди баланди соҳавӣ маҳсуб меёбад.