Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамасола дар ҳудуди мамлакат бо дарназардошти минтақаҳо, наздики 50-60 дарсади маводи мухаддири мусодирагардида дар ҳудуди вилояти Хатлон ба қайд гирифта мешавад. Имсол дар ҳудуди вилояти Хатлон соли 2022, 2 тоннаю 450 килограм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Дар идомаи нишаст Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар гуфт, ки дар соли 2022 сафи нашъамандӣ дар ҳудуди мамлакат кам гардидааст. Ҳамчунин қайд намуд, дар соли 2022 дар кишвар 4381 нашъаманд расман ба қайд гирифта шудааст, ки нишондиҳанда нисбат ба соли 2021, 368 нафар камтар аст. Айни замон аз теъдоди умумии нашъамандон 101 нафари онҳо занон мебошанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 6 нафар кам аст.
Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки сабаби зиёд шудани мубодила ва мусодираи маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Хатлон ва умуман дар қаламрави Тоҷикистон, ин ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон аз моҳи августи соли 2021 мебошад.
Мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 миқдори мусодираи маводи нашъадор аз муомилоти ғайриқонунӣ, зиёда аз 4 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар соли 2021 ва соли 2022 70 фоизи маводи нашъаовари мусодирашударо маводи нашъаовари навъи ҳашиш мебошанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”