Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ва умедворӣ ба барқарории парвозҳо

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 16 августи 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 221 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар хабарномаи Вазорат миқдори  ашхоси овардашуда зикр нашудааствале чанд расонаи хориҷӣ хабар додааст, ки шумораи онҳо 200 нафар будааст. Дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пештар низ шаҳрвандони кишвар мо дармонда буданд, ки зина ба зина ба ватан баргардонида шуданд. Дар баробари ин умед аст, ки дар рӯзҳои наздик парвозҳо миёни Тоҷикистон Қазоқистон бо муқаррароти муайяни мартуб ба КОВИД-19 барқарор мегардад.

Бино ба хабарҳои ахир мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки аз имрӯз, 17 августи соли равон дар ин кишвар карантин сабуктар намоянд. Дар ин асос,  шаҳрвандони 17 кишвар бо шумули Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Гурҷистон, Тайланд, Маҷористон, Ҳиндустон, Олмон, Чехия, Малайзия, АМА, Беларус, Туркия, Миср, Украина, Нидерландия ва Русия  метавонанд, бе пешниҳоди маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус  ба Қазоқистон ворид шаванд. Аммо Лаҳистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомиланд, ки мусофирони онҳо ҳангоми вуруд ба Қазоқистон бояд дар бораи манфӣ будани натиҷаи санҷишашон аз коронавирус маълумотнома ироа кунанд.

Маълум нест, ки равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон кай ба шакли маъмулӣ бармегардад. Бо таваҷҷуҳ ба он ки мақомоти Қазоқистон эълон намуданд, ки сар аз 1 сентябр парвозҳоро ба баъзе кишвар дубора роҳандозӣ мекунанд, эҳтимол дар ин миён кишвари мо ҳам бошад.

Фирдавси Низом

Радиои “Тоҷикистон”

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *