Дар мавсими обёрии соли 2022 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода то 8.1 млн кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то 426 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 53 адад чоҳҳои амудӣ кор карда кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намуданд.
Давлатзода Зафарбек, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 69,0 млн сомонӣ аз ҷониби истифодабарандагони об пардохт карда шудааст.
Ба таъкиди Давлатзода қарзи Агентӣ аз “Барқи тоҷик” 456,9 млн сомониро ташкил медиҳад. Зафарбек Давлатзода сабаби асосии болоравии қарзи Агентиро дар паст будани ҳаққи хизмати обрасонӣ ва баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ донист.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”