“Заҳролуд нашудаанд”: Вазорат вазъи саломатии 48 сокини Шамсиддин Шоҳинро пас аз истеъмоли қурутоб шарҳ дод

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 24 январи соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.

Дар ин бора Маркази матуботи ин Вазорат хабар дода, илова мекунад, ки ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо хушбахтона беморони вазнин набуд. Новобаста ба ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст.

Гуфта мешавад, беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25 январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.