Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе дар шаҳри Ҳисор доир мешавад

Фардо 26-уми январ дар шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2023 оғоз мешавад.

Тавре, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе 8-даста иштирок мекунад.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Куктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб ҷойгир аст. Дар гурӯҳи «В» бошад дастаҳои «КМВА», «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии минтақаи Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

Пас аз ҷамъбасти бозиҳо аз ҳардуи гурӯҳҳо ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023 аз вилоятҳои Суғду Хатлон 2-дастаӣ ба роҳхат мегиранд.

Бояд қайд намоем, ки имсол фонди умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз аз ҷом 50-ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.