Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир бо Сафири Фавқулодаи Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод

Рӯзи 26-уми январ раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир бо Сафири Фавқулодаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Айки вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо имконоти рушди гӯштини ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ 5-маркази олимпии ҷудо бунёд созад. Инчунин, музокирот барои бастани қарордод бо мутахассисони ҷудои ҷопонӣ барои омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелес дар соли 2028 идома дорад.

Сафири Фавқулодаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Айки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба таблиғи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷудо нигаронида шудаанд, изҳори боварӣ намуд.

Ҳамчунин, нақшаҳо оид ба баргузории Гран-при Душанбе дар доираи сафари ҷаҳонии ҷудо бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин ҷорӣ намудани ҷудо дар мактабҳо ва тарғиби ҷудо миёни занон баён гардид.

Дар рафти сӯҳбат Президенти Федератсияи ҷудо Исмоили Маҳмадзоир аз ҷаноби Тошихиро Айки даъват намуд, ки аз Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини ҷудо, ки рӯзҳои 11-12 феврали соли 2023 баргузор мешавад, дидан намоянд.