Имрӯз дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯро дар соли 2023 доир гардида истиодааст, ки дар он Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони ваколатдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок доранд.
Ба иттилои ҳамкорамон Сарвинози Сайидалӣ, ки дар ҷаласа ҳузур дорад, дар ҷаласа Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022 аз нигоҳи ҷомеъаи шаҳрвандӣ, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.