Филми “Дов”-и Муҳиддин Музаффар ва “Охирин сайди сайёд” -и Муҳаммадрабӣ Исмоилов дар ҷашнвораи синамои СҲШ дар шаҳри Мумбай ба намоиш гузошта хоҳанд шуд. Дар ин бора Вазорати иттилоот ва радиои Ҳиндустон хабар додааст.
Бояд гуфт, ин ду филм борҳо дар ҷашнвораҳои хориҷӣ намоиш дода шудаанд. Ҷашнвораи филмҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз 27 то 31 январ дар Мумбай, бузургтарин шаҳри Ҳинд ва маркази синамои маҳаллӣ баргузор мешавад.
Дар ҷашнвора ба иловаи ду филми тоҷикӣ ҳамчунин филмҳои Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркия, Миср, Мянмар, Шри-Ланка, Арманистон, Озарбойҷон ва Белорус пешкаши тамошобинон мегарданд.