Созмони ҳамкории исломӣ аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ намуд

25 январи соли 2022 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Яке аз мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи мазкур ин номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати касби узвитяи ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 буд.

Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар суханронии худ, зимни муаррифии номзадиии кишвар қайд намуд, ки пас аз саҳмгузорӣ дар чандҷанбагароӣ (мултилатерализм) тариқи иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои СММ, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ вақти он расидааст, ки Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 – 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.

Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвитяи ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.