«Регар-ТадАЗ» бо шикаст додани «Равшан»-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон — 2025 роҳ ёфт

Дастаи «Регар-ТадАЗ» мавсими дуюм паи ҳам ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Ин даста барои ба даст овардани ҷом боз ҳам бо тими шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад.

Шоми гузашта бозии дуюми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон — 2025 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан»-и Кӯлоб доир гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Талко Арена» сурат гирифта, ба нафъи тими мизбон ба охир расид.

Дар вақти асосӣ ҳисоб 1 бар 1 шуда ғолиб муайян нагардид. Дар экстратайм бозигарони тими шаҳри Турсунзода як голи дигар ба ҳадаф расонида, дар ниҳоят бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд ва ба финали Ҷоми Тоҷикистон — 2025 роҳхат гирифтанд.

Голҳои дидорро аз ҳайати «Регар-ТадАЗ» Шерзод Маҳмадиев (дар дақиқаи 53-юм (азпеналтӣ)) ва Самандар Қодиров (дар дақиқаи 105+1) ба ҳадаф расониданд. Муаллиф ягона голи «Равшан» Шериддин Бобоев (аз пеналтӣ) гардид.

Ба ҳамин тартиб дар финали мусобиқа тими «Регар-ТадАЗ» бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дидор анҷом медиҳад, ки дар ин марҳила тими мазкур ба «Вахш» зафар ёфт. Дар мусобиқаи соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими дигари ин шаҳр «Хуҷанд» вохӯрӣ карда, дар ниҳоят ғолиб омада буд.

Акс аз саҳифаи расмии бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»