Ҳамасола бо наздик шудани ҷашни соли нави мелодӣ дар кишвар ҳолатҳои харидуфурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ – ё худ “хлопушка” мушоҳида мешавад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ахиран як сокини шаҳри шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт намуданд. Бояд гуфт, ки аз нафари боздоштшуда, зиёда аз 1 млн. дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфту мусодира шудааст. Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбат ба дастгиршуда мутобиқи моддаи 199-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Сироҷиддин Шукуров сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар натиҷаи иқдомоти кормандони милитсияи пойтахт то кунун беш аз 1 млн дона маводи тарфгарӣ ошкор ва мусодира шудааст, несту нобуд карда шуд. Вай дар ин замина гуфт: “Аз соли 2008 инҷониб тибқи талаботи моддаи 199 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаву паҳн намудан ва харидуфурӯши маводи тарфгарӣ – “пиротехникӣ-хлопушка” манъ аст, аммо мутаассифона садои гӯшхароши он бо фарорасии соли нав зиёд шунида мешавад. Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, аз тоҷирону шаҳрвандоне, ки бо ин кори номатлуб даст мезананд, хоҳиш менамоям, ки барои манфиатҳои моливу пулии ночизи худ шуда, даст ба чунин ҷиноят назананд ва баръакс сари роҳи ин гуна амалҳои ғайриқонуниро гиранд”.
Бояд гуфт бо вуҷуди он ки тибқи қонунгузории кишвар воридот хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои тарфгарӣ манъ аст, аммо бо фарорасии соли нави мелодӣ садои гӯшхароши он дар кӯчаву дигар маконҳо ва ҳатто дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагони муассиса шунида шуда, боиси нороҳатӣ ва ҳатто бемории бархе сокинон мешавад.
Қутбуддин Ҳалимов духтури дараҷаи олии Маркази саломатии шаҳрии рақами 5–и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки яку якбора таркидани маводҳои тарфгарӣ ё худ хлопушка ба ҳолати рӯҳию равонии наврасон, калонсолон ва ё занҳои ҳомила таъсири манфӣ расонида, метавонад инсонро ба бемориҳои дил, фишорбаландӣ ва қанд гирифтор намояд. “Бояд гуфт, ки тарсу ваҳм пеш аз ҳама сабабгори аксаран бемориҳо мегардад ва яку якбора таркидану садои баланду нороҳаткунандаи маводҳои пиротехникӣ ба рӯҳу равони инсон таъсири сахт расонида, шахсро дучори ҳаргуна бемориҳо менамояд”- гуфт, Қутбуддин Ҳалимов.
Баъзе аз тоҷирону савдогарон манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурӯшу паҳнсозии он машғул мешаванд. Аз сӯйи дигар таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар бештари маврид ноболиғон дар паҳнсозии маводи тарфгарӣ миёни ҳамсолонашон нақш доранд.
Бо назардошти ин падару модаронро зарур аст фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд, ки кӯдакону наврасон ба амалҳои ношоиста ва ғайриқонунӣ, аз қабили фурӯш ва ё тарконидани маводи тарфгарӣ даст зананд.
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки тибқи моддаи 199-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12 то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Наҷибуллои Ҳомидҷон
радиои “Тоҷикистон”