“Садои мардум”: Ҷамоати шаҳраку деҳот дар ташкили буҷети мустақил мушкил доранд (Шарҳи матбуот)

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, бурду бохти Тоҷикистон дар соли 2022 ва интизориҳо аз соли нави 2023 дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи  Душанбе қарор дорад. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 декабр қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” ва “Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда”- ро чоп кардааст, ки ҳамакнун баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи  28 декабр мақолае бо номи “Аз Паём то Паём: Таъмини заминаҳои рушди босуботи мамлакат” чоп карда, нуктаҳои муҳимтарини Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро баррасӣ кардааст.

Муаллиф навиштааст, ки нуктаи меҳварии паёмҳои Пешвои миллат банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.

Ба гуфтаи муаллиф, тамоми иқдому тадбирҳо ва консепсияву барномаҳои пешбинигардида, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшангари орзуву ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик, аз сиёсати фарогиру хирадбунёди эшон, ки ҷавҳари онро шукуфоии мамлакату некуаҳволии мардум ташкил медиҳад, сарчашма мегирад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 декабр хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ аз тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳимоят карданд. Тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки  барои соҳибкорон дар бахши савдо ва хизматрасонии маишӣ расмиёти муайян кардани реҷаи корӣ сабук гардида, барои фаъоияти онҳо шароити мусоид фароҳам шавад.

Дар баробари ин, дар ҷаласаи рӯзи 29 декабр Маҷлиси намояндагон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» низ тағйирот ворид карда шуд. Бар асоси он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколат пайдо мекунанд, ки мустақилона реҷаи кории марказҳои савдо, хизматрасонии маишӣ,  бозорҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муқаррар намояд.  Ҳамзамон дар ин замина таъкид мешавад, ки дар ин асно, аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон зарурати гирифтани иҷозатнома барои реҷаи корӣ аз байн меравад.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи 27 декабр мақолае бо номи “Муқаррароти қонун ҳоло ҳам татбиқ намешавад” чоп карда, навиштааст, ки то ҳол баъзе аз бандҳои қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар кишвар иҷро намешавад.

Муаллифи мақола Ғайрат Азиззода вакили Маҷлиси намояндагон таъкид кардааст, ки яке аз муқаррароти ин қонун, ки ташкили буҷети мустақил аз ҷониби шаҳрак ва деҳотро пешбинӣ кардааст, аммо он дар амал иҷро намешавад.  Ба навишати муаллиф,  дар натиҷаи омӯзиши масъала дар баъзе ҷамоатҳо муайян гардид, ки дар ин бахш як қатор мушкилиҳо ҷой дошта, ташкили буҷети мустақил то ҳол дар амал татбиқ нагаштааст.

Ҳамзамон вакил Ғайрат Азиззода зикр кардааст, ки яке дигар аз мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти Ҷамоати шаҳрак ва деҳот нокифоя будани бастҳои корӣ мебошад, зеро тибқи қонун ваколатҳои Ҷамоат хеле зиёд буда, аммо танҳо ҷиҳати иҷрои  қисми камтарини онҳо,  бастҳои корӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 28 декабр бо наши матлабе аз бурду бохти Тоҷикистон дар соли 2022 натиҷагирӣ ва интизориҳо аз соли 2023–ро матраҳ кардааст. Ба навишати муаллиф, дар бахши иқтисоду молия соли 2022 барои Тоҷикистон бобарору муваффақ буд. Дар ин сол рушди иқтисоди миллӣ ва қурби устувори сомонӣ  таъмин шуд.  Ҳатто пули миллии Тоҷикистон ба сегонаи асъори устувор нисбат ба доллари амрикоӣ шомил шуд.

Ҳамзамон муаллиф аз фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ дар кишвар изҳори норизоятӣ кардааст. Муаллиф таъкид кардааст, ки қарзҳои бонкӣ мувофиқ ба ҷайби мардум нестанд.  Аҷиб агар пасандоз гузоред, 6-10 фоиз, аммо қарз гиред 30-35 фоиз, – навиштааст муаллиф.  Дар мавриди нархҳо дар бозори истеъмолӣ бошад, муаллиф ба афзоиши бесобиқаи нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон дар соли 2022 ишора кардааст.  Ба таъкиди муаллиф, касе интизор надошт, ки қимати як қуттии тухм аз 45 сомонӣ ҳам мегузарад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 29 декабр бо нашри мақолаи таҳлилие, сабабу омилҳои болоравии нархи биринҷ дар бозорҳои кишварро баррасӣ кардааст.

Муаллиф менависад, ки дар даҳаи ахири моҳи декабр, дар остонаи Соли нави мелодӣ нархи чаканаи 1 кило биринҷ дар Душанбе ба ҳисоби миёна на камтар аз 20 сомониро ташкил медиҳад, ки зиёдтар нисбати соли 2021  5 сомонӣ бештар аст. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф тайи панҷ соли охир истеҳсоли биринҷ дар Тоҷикистон аз 95 ҳазор тонна дар соли 2017 то 140 ҳазор тонна дар соли 2021-ум расидааст.

Холмаҳмад Турсунов, як нафар шолипарвар аз Турсунзода ба ин нашрия гуфтааст, ки имсол вобаста ба обуҳаво ва камбуди об ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт.  “Аз ҳар як гектар мо аз 5 то 8 тонна ҳосили шолӣ мегирем”, – иброз доштааст шоликор Турсунов. 

Ба хулосаи муаллиф бо вуҷуди ҳамаи хароҷотҳои деҳқон барои истеҳсоли биринҷ, нархи биринҷ набояд аз 15 сомонӣ боло мерафт, аммо ба гуфтаи вай  ин миёнаравон ҳастанд, ки 1 кило биринҷро аз деҳқон бо нархи 8-13 сомонӣ харида, сипас 18 – 25 сомонӣ мефурӯшанд.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 29 декабр табрикоти солинавии раиси Кумитаи андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзодаро нашр кардааст. Давлатзода дар табрикоти хеш зикр кардааст, ки айни замон Кумитаи андоз  75  намуди хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагонро пешниҳод намудааст, ки ин усули кор ба андозсупорандагон имкон медиҳад уҳдадориҳои худро шаффоф, фаврӣ, дақиқ ва бидуни сарфи зиёди вақт анҷом диҳанд.

Раиси Кумитаи андоз дар идома зикр кардааст, ки дар соли 2022 аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри соҳибкорон боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи дастгирии бахши хусусӣ, дар соли 2022 шумораи соҳибкорон ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.  Нусратулло Давлатзода дар фарҷом таъкид кардааст, ки рушди минбаъдаи соҳа бе алоқаи мутақобила бо андозсупорандагон ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти андоз дар ҳама ҳолат ба андозсупоранда эҳтиром қоил ҳастанд.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

радиои “Тоҷикистон”