Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва ҷаҳон маводи зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 декабр дар баробари ахбори расмӣ, мақолае бо номи “Ҳифзи пиряхҳо – пазироии ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ” нашр кардааст. Муаллифи мақола Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа навиштааст, ки тамоми ҳадафҳои кишвари мо барои суботи экологии сайёра равона гардида, тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонда мешаванд, ояндаи миёнамуҳлат ва дурнамои соҳаи мазкурро фарогир мебошанд.
Ба таъкиди муаллиф, теъдоди зиёди ҳаммуаллифони Қатъномаи ҳифзи пиряхҳо, бори дигар собит месозад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад. Дар баробари ин, ба гуфтаи муаллиф бояд дарк кард, ки масъалаҳои экологӣ, алалхусус таъмини ҳифзи пиряхҳо метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа созгор бошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 20 декабр мақолае бо номи “ Интернет ва нақши он дар рушди интернет” чоп кардааст, ки дар он муаллиф аз суръати заиф ва арзиши гарони интернет дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф ба унвони мисол навиштааст, дар Тоҷикистон 15 ҳазор мегабайт ва 1000 дақиқаи гуфтугӯ 250 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳоле ки барои мисол дар Русия бо 500 рубл, яъне 80 сомонӣ муштариён бо интернети бемаҳдуд ва баландсуръат пайваст мешаванд. Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бошад, дар баробари дастрасии хуб ба интернети арзон ва босифати алоқаи мобилӣ, инчунин, аксари нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхонаю тарабхонаҳо, бо алоқаи бемаҳдуди WIFI таъминанд.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф интернети баландсуръат ва арзон матавонад ба пешрафти бисёр соҳаҳои муосир роҳ мекушояд. Аз ҷумла, рушди соҳаи технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, махсусан аутсорсинги IT, аз хизматрасонии босифати алоқа вобастагии калон дорад. Яъне ташаккул ёфтани чунин заминаи технологӣ ба рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 декабр хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон ду созишномаи муҳим дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ва табодули итилоот тасвиб шуд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа вакилони мардумӣ нахуст Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркияро баррасӣ ва тасдиқ кардаанд.
Ҳадафи имзои ин созишнома такмил додани ҳамкории тарафҳо дар соҳаи амният ҷиҳати таъмини амнияти ду кишвар ва муборизаи муштарак бар зидди чолишҳое мебошад, ки ба амният ва суботи ду кишвар таҳдид мекунанд, дониста мешавад. Дар баробари ин вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин ҷаласа Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар мавриди ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи электронии иттилоотро низ тасвиб карданд. Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки иҷрои созишнома ба манфиати ҳар ду кишвар буда, баҳри ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар заминаи иттилоотӣ ва мубодилаи электронии иттилоот мусоидат менамояд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи 22 декабр матлабе дар робита ба муҳокимаи парламентии иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар Маҷлиси намояндагон нашр кардааст. Ба навиштаи нашрия, зимни муҳокимаи парламентӣ Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки дар давоми солҳои 2018-2021 дар муассисаҳои таълимии ин кишвар ҳамагӣ 124 синфхонаи нави технологияи иттилоотӣ таъсис ва бо компютер, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шуданд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Раҳим Саидзода, тибқи талаботи нақшаи дурнамои барномаи мазкур барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар панҷ сол ба ҷойи 52017 компютер ҳамагӣ 20183 адад харидорӣ гардидааст, ки 39 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи омори Вазорати маориф ва илм, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон 81002 компютер ва 4076 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор дорад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 декабр мақолае бо номи “Нурафшон, нур дораду обу роҳ не” нашр карда, дар мавриди мушкилоти аке аз деҳаҳои ноҳияи Темурмалик навиштааст. Ба навиштаи муаллиф, деҳаи Нурафшон яке аз рустоҳои дурафтодаи ҷамоати деҳоти Қӯштеппаи ноҳияи Темурмалик аст, ки соли 1950 таъсис шудааст. Аммо бо гузашти ин ҳама сол сокинони ин деҳа аз набудани роҳ ва пул барои убури рӯди Сурхоб, ки ҳангоми баланшавии об хатарзо мешавад, танқисӣ мекашанд. Инчунин 100 хоҷагии деҳаи Нурафшон то ҳол аз норасоии оби ошомиданӣ низ азият мекашанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 декабр бо нашри мақолае ин масъаларо баррасӣ кардааст, ки чаро нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон боло меравад?
Муаллиф зимни баррасии ин мавзӯъ ба ин нукта расидааст, ки яке аз сабабҳои болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, бахусус маҳсули кишоварзон, гарон шудани нархи нуриҳои минреалӣ аст. Ба гуфтаи муаллиф таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳад, ки арзиши нуриҳои минреалӣ тайи солҳои охир ду баробар афзудааст. Барои мисол нархи як халта нурии карбамид аз 300 сомонӣ дар соли гузашта то 600 сомонӣ дар соли ҷорӣ боло рафтааст.
Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки мушкили дигар дар ин самт он аст, ки қисмати бештари нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон аз хориҷа ворид мешавад ва истеҳсолкунандагон бо назардошти нархҳои ҷаҳонӣ маҳслуоти худро мефурӯшанд. Қиёси нархи воридоти нуриҳои минералӣ дар солҳои 2020 ва 2022 нишон медиҳад, ки арзиши он 66% афзоиш ёфтааст. Бо назардошти ин вазъият арзиши маҳсулоти кишоварзон низ дар соли ҷорӣ боло бурда мешавад, чун дар акси ҳол деҳқон хароҷоти худро пӯшонида наметавонад.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ
радиои “Тоҷикистон”