20 декабри соли 2022 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаласа аъзоёнии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ширкат намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти амалишавии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳисоботи намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти амалишавии «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, инчунин лоиҳаи нақшаҳои кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва Комиссияи назорати назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи байни барномаҳои оид ба бемориҳои ВНМО ва сил тақсим намудани маблағҳое, ки аз ҷониби Хазинаи глобалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои давраи солҳои 2024-2026 ҷудо карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.