Дар асоси қарордодҳои шартномаҳои мутақобила як зумра омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Брести Беларус ба номи А.С.Пушкин сафарбар гардиданд.
Тавре Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар медиҳад, онҳо дар асоси лоиҳаи мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, омӯзиши амалӣ, хусусан баланд бардоштани салоҳияти касбӣ дар муддати рӯзҳои 12 – 24 декабри соли 2022 дар донишгоҳи зикршуда таҷриба омӯхта, инчунин малакаи кории хешро ба ҳамкорони белорусӣ нишон медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2022 як қатор созишномаҳо ба имзо расида буданд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар ин замина бо ректорони якчанд донишгоҳҳои кишвари Белорус шартномаҳои ҳамкории мутақобила ба имзо расониданд.