Озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе” ҷамъбаст гардид

Дирӯз дар кохи Суруш маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе” ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмун ва ҳаводорони шеъру суруд ширкат намуданд.

Дар оғози маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанберо ба ғолибони Озмун ироа карда, кайд намуд, ки Душанбеи навин бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон мубаддал гардидааст.

Озмун байни хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умуми, аз рӯйи номинатсияҳои “Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Точикистон шаҳри Душанбе”, “Қироати беҳтарин шеър дар васфи пойтахти Ҷумхурии Точикистон – шаҳри Душанбе”, “Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумхурии Точикистон шаҳри Душанбе” ва “Иҷрои суруди беҳтарини гуруҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумхурии Точикистон – шахри Душанбе” гузаронида шуда, дар он довталабон аз рӯи категорияҳои аз 11 сола то 17 сола, аз 18 сола боло ва эҷодкорони касбӣ ширкат намуданд.

Озмуни шахрии «Ту қалби Точикистони, Душанбе» тибки қарори Раиси шахри Душанбе аз 22 августи соли 2022 таҳти №442 эълон гардида, он ба баланд бардоштани завқи шеърхонӣ тақвияти неруи зеҳни, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ободкориву сурудҳои таҷассумкунандаи созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумхурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе равона гардидааст.

Зикр гардид, ки даври якуми озмун дар миёни қишрҳои чомеа ба таври оммавӣ баргузор гардида, дар даври дуюми (ноҳиявӣ) он 1278 нафар иштирок намуданд. Аз онҳо 160 нафар довталаб ба даври шаҳрӣ роҳхат пайдо намуда, 158 нафарашон дар сабқати ниҳоӣ ширкат варзида, 33 нафар аз рӯйи ҳамаи номинатсия ва бахшҳо ғолиб дониста шуданд. Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмуни шаҳрии “Ту қалби Точикистони, Душанбе” бо ҷоизаҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас, барномаи бошукӯҳи фарҳангии омодагардида иборат аз шеъру таронаҳои инъикосгари марҳилаи нави бунёдкориву созандаги дар пойтахти Ҷумҳурии Точикистон аз ҷониби ғолибони озмуни шаҳрии “Ту қалби Точикистони, Душанбе” манзур карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”