Санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар толорҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии ин ниҳодҳо семинари омӯзишӣ вобаста ба Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония ташкил ва баргузор гардидааст.
Ба иттилои Агентии хизмати давлатӣ, аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо оид ба ҳадаф, мақсад, имкониятҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид.
Ёдовар мешавем ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония сафарбар гардида, то ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Япония хатм намуда, 32 нафари онҳо ҳоло таҳсили худро идома дода истодаанд.
Мақсади рӯнамои Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар соли 2023 ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар соли 2023 мебошад.