Имрӯз, 20-декабр дар рӯзи аввали мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» дар кишвари Исроил рақобатҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон оғоз гардид.
Дар вазни -66кг ягона намояндаи Тоҷикистон дар рӯзи якуми мусобиқаи мазкур Эмомалии Нуралӣ, дар аввалин рақобаташ аз Реда Седдукии 24-сола бо 3-огоҳӣ дар вақти тиллоӣ ноком шуда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Бояд қайд намоем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо «Jerusalem Masters 2022» имрӯз 20-декабр оғоз гардида то 22-декабр идома меёбад.
Дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Имсол 314-варзишгар аз 55-кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» номнавис шудаанд. Ҷудокорони ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ сабқат доранд.
Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.