Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар “Идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрократия дар асри 21” дар Боку

Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрократия дар асри 21” ифтитоҳ ёфт.

Тавре Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад, Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 42 кишвар ва 25 ташкилотҳои байналмилалии аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин Шабака ҳамкорӣ дошта, хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши кишварҳои пешрафта дар чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар семинари омӯзишии мазкур дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эргашева Фариза- намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, вобаста ба ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои рушди захираҳои инсонӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар рушди хизмати давлатӣ баромад менамоянд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ин муаррифӣ ва шиносоӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти арзёбии эҳтиёҷот дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрокатия дар асри 21, табодули таҷриба ва ҳалли инноватсионии масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барои коршиносони кишварҳо мебошад.