Таҳлилу баррасии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар конференсияи илмӣ-амалӣ

Имрӯз, 20 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи  тиббии профилактикии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳими бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар давоми солҳои 2020-2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардидааст.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илова месозад, ки дар конфронс намояндагони ин Вазорат ва як қатор мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Конфронс дар шакли ҷаласаҳои сексионӣ дар самтҳои  санитарӣ, гигиенӣ, эпидемиологӣ, бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои ғайрисироятӣ доир гардида, як қатор мутахассисон доир ба самтҳои мавриди назар маърӯзаҳо намуданд.

Дар охир доир ба маърӯзаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ бо ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд. Маҳз дар натиҷаи тадбирандешиҳо дар ин самт вазъи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ имруз дар кишвар муътадил мебошад.