Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар оғози маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён баромад карда, ҳамаи ғолибони Озмунро табрик ва муборак гуфт. Ӯ ҳамчунин дар идома нақши китобу китобхониро ба рушду пешрафти кишвар баланд арзёбӣ намуда, ташкили ин Озмунро яке аз иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонд.
Бояд гуфт, ки имсол дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 442 нафар аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуда, миёни ҳам сабқат намуданд.
Имсол “Шоҳҷоиза”-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соҳиби худро ёфт. Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст “- ро Шаҳло Саидалиева хонандаи синфи 9-и МТМУ №8-и ноҳияи Данғара ба даст овард. Ӯ дар Озмун аз рӯйи номинаи адабиёти муосири тоҷик байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, синфҳои 5 то 11 иштирок намуда, аз ин номина сазовори ҷойи аввал гардид. Шаҳло Саидалиева пас аз ба даст овардани ҷои аввал дар номинатсияи “Шоҳҷоиза” ширкат варзида, бо донистани қариб 70% (дарсади) – и осори адибони номинаҳои дигари Озмун ғолиб гардид.
Шаҳло Саидалиева дар суҳбати кӯтоҳ бо радиои “Тоҷикистон” гуфт: “Ман боварӣ доштам, ки сазовори “Шоҳҷоиза” хоҳам шуд ва имрӯз бошад онро ба даст овардам, гарчанде ки рақибони пурқувват доштам. Ман соли гузашта то даври ҷумҳуриявӣ омадам, вале ҷой нагирифта рӯҳафтода нагаштам ва имсол боз таёрии бештар дида, иштирок кардам“.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта, дар ин Озмун касе сазовори “Шоҳҷоиза” нагардида буд. Солҳои пешин “Шоҳҷоиза” – и Озмунро Бунёди Раҳнамо ва Раъно Насриддинова ба даст оварда буданд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамасола таҳти сарпарастии Президентӣ кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”