Саидалиева Шаҳло хонандаи синфи 9-и МТМУ №8-и ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Тоҷикистон” Парвина Самандарзода хабар медиҳад.
Шоҳҷоиза ба Саидалиева Шаҳло имрӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт тақдим шуд.
Маъмулан Шоҳҷоизаи ин Озмун бо миёни ғолибони ҳамаи номинатсияҳо бо баргузории озмуни алоҳида интихоб мегардад ва номи шахси пирӯз аз ҳама охир зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мешавад. Саидалиева Шаҳло дар ин Озмун аз рӯйи номинтасияи Адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро касб кардааст.
Дар хабарҳои дигар маълумоти муфассал аз ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2022 ироа мегардад.