Академики тоҷик барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” шуд

Дар чаҳорчӯби Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ маросими супоридани ҷоизаҳои “Ситораҳои Иттиҳод” ва “Иттиҳоди дебютҳо” баргузор шуд, ки устоди факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Мирганд Шабозов барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардидааст. Дар ин бора ДМТ хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ки ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои дастовардҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму эҷод дода мешавад. Ҷоиза аз соли 2009 инҷониб ба олимону мутафаккирони соҳаҳои мухталиф мукофотонида мешавад.

Тавре иттилоъ дода будем, дар Тошканд Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок намуданд. Гуфта мешавад, ки ғолибон бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд