Баргузории Конференсияи клиникӣ дар мавзуи “Бемории сили гурда” дар Донишгоҳи тиббӣ

Акс аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори лексионии кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки ҳайати васеъи донишҷӯёну интернаҳо, ординаторони клиникӣ, кормандони кафедра ва кормандони МД ММТ ҶТ “Шифобахш” конференсияи клиникӣ дар мавзуи “Бемории сили гурда” (“Туберкулез почек”) баргузор гардид.

Ба иттилои “Бемории сили гурда” Конференсияи мазкур аз ҷониби кафедраи бемориҳои дарунии №3-и ин Донишгоҳ баргузор шуда, маърӯзахонон дар мавриди оид ба мундариҷа ва муҳиммияти мавзуи интихобгардида, сабаб, механизми ба вуҷуд омадани беморӣ барои иштироккунандагон маълумот пешниҳод намуданд.

Иштироки фаъоли донишҷӯён бо баҳсу мунозираҳои худ доир ба мавзуи интихобгардида кори Конференсияро рангин намуда, гувоҳи таваҷҷуҳи бештари онҳо ба корҳои илмӣ ва муолиҷавӣ мебошад.