Чаро заминҳои кишоварзӣ аз гардиш канор мемонанд?

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, рушди он ба таҳким ва пешрафти соҳаҳои мухталиф мусоидат мекунад.  Ин аст, ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади таъмини пурраи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ бори дигар  аз мушкилоти соҳаи кишоварзии мамлакат ёдоварӣ намуда, ба хотири беҳбудии соҳа масъулинро вазифадор мегардонанд.

Дар ҳамин ҳол ёдрас мешавем, ки 28 феврали соли ҷорӣ зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иброз дошт, ки то 1 январи соли 2022 дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 953 ҳазору 866 гектар замин қарор дорад ва  аз ин миқдор замин танҳо 682 ҳазору 828 гектар обӣ мебошад. Ҳамчунин номбурда дар ҷаласа афзуд, ки заминҳои кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солона ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба майдони умумии 24 ҳазору 349 гектар, аз он 2 ҳазору 96 гектар обӣ кам шудааст.

Чаро заминҳои кишоварзӣ аз гардиш канор мемонанд? Суоле буд, посухашро аз Шарифҷон Аминов мудири шуъбаи моніторинг ва ҳифзи хок аз эрозияи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  ҷӯё шудем.

Ин ҳамсуҳбати мо дар такя ба  натиҷаҳои санҷиши қитъаҳои замини аз гардиши  кишоварзӣ берунмонда мегуяд, ки сабабу омилҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои алоҳида гуногунанд. Ба ақидаи ин коршинос, агар заминистифобарандагон аз маърифати баланди обёрии заминҳои полезӣ истифода кунанду корҳои агротехникиро дуруст ба роҳ монанд аз гардиши кишоварзӣ канор мондани заминҳоро пешгирӣ мекунанд.

Гузашта аз ин оҳибназари соҳа боварӣ доранд, ки тавассути заҳбуру заҳкашҳо беҳтар намудани ҳолати мелеоративии заминҳои корами обёришаванда, пешгирӣ кардани шўршавии заминҳо, саривақт иҷро намудани корҳои агротехникӣ ва риоя кардани реҷаи обмонӣ аз омилҳои аслии ба даст овардани ҳосили баланд мебошад. Дар акси ҳол замин аз гардиши кишоварзӣ канор мемонад.

Шарифҷон Аминов мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозияи Иниститути хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  мегўяд, ки истифодаи нодурусти обмонӣ шусташавии эригатсиониро ба вуҷуд меорад, ки он боиси коҳишёбии гумуснокии замин ба амал меояд.

Воқеан ҳам яке аз усулҳои пешгирӣ аз таназзули қабати ҳосилхези хок ин риояи дурусти обёрӣ дар заминҳои корам аст. Агар дар ин самт кишоварз балад бошад, майдони киштро намегузорад, ки аз гардиши кишоварзӣ канор монад.

         Тибқи омор соли 1940 аҳолии мамлакати мо камтар аз якуним миллион нафар буд, ҳоло бошад, ба 10 миллион расидааст. Аз ин рў, дар асоси зиёд шудани афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи замин, хусусан корам, аз як замин гирифтани ду – се ҳосил аҳамияти бузург дорад. Мо дар ин самт аз фаъолияти пурсамари Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин Вазорати кишоварзии кишвар хушбин ҳастем, зеро махз хамин ниход кушишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистонро дар самти таъмини амнияти озукавории мамлакат амалӣ месозанд.

Муродулло Раҳимов

радиои “Тоҷикистон”