Рӯзи 7-уми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бо рақобатҳои даври дуюми марҳилаи гуруҳӣ миёни тимҳои Тунис ва Австралия оғоз гардид. Рақобат миёни ин мунтахабҳо бо бартарии як гол бар суди австралиягиҳо хотима ёфт. Голро дар дақиқаи 63-юми қисми дуюми бозӣ Митчелл Дюк ба самар расонида, пирӯзии тимашро таъмин кард.
Сипас бозии дигар миёни тимҳои Полша ва Арабистони Саудӣ сурат гирифт, ки бо бартарии лаҳистониҳо ба охир расид. Бозӣ миёни дастаҳо дар варзишгоҳи марказии “Ал Райан” баргузор гардида, бо натиҷаи 2:0 хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 39-уми рақобат Зелински кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Дар анҷоми қисмати аввали рақобат арабҳо имконияти голзанӣ доштанд, лекин зарбаи 11-метраи Ал-Дивсариро Войсех Шенсний баргардонида дарвозаашро аз сар додани гол нигоҳ дошт. Голи дуюми Полшаро дар дақиқаи 82-юм Роберт Левандовски ба самар расонида, пирӯзии тимашро таъмин намуд. Бояд қайд намоем, ки дар ин рақобат Левандовски голи аввалинашро дар Чемпионати ҷаҳон ба қайд гирифт.
Бозии баъди байни тимҳои Фаронса ва Дания баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “974-Доха” доир шуда, бо натиҷаи 2:1 бар нафъи шогирдони Дидйе Дишам ба поён расид. Дар ин рақобат Килиан Мбаппе ба задани ду гол даст ёфт ва голи задаи Данияро Кристенсен ба самар расонид. Ҳамин тариқ бозӣ бо натиҷаи 2:1 бар суди фаронсавиҳо ба поён расид ва Фаронса аввалин дастае гардид, ки ба даври плей-офф роҳхат гирифт.
Бозии охирине, ки дар ин рӯз дар дили шаб баргузор гашт, бозии Аргентина бо Мексика буд, ки бо бартарии аргентинагиҳо ба охир расид. Бозӣ бо натиҷаи 2:0 ба охир расид ва дар ин рақобат ба Лионел Месси муяссар гардид, ки ҳам ба задани гол даст ёбад ва ҳам партофти головар анҷом диҳад. Дар бозии баъди Аргентина бо Полша ва Мексика бо Арабистони Саудӣ ҳунарнамоӣ мекунад ва бояд қайд намоем, ки дар ин гурӯҳ тақдири роҳ ёфтан ё наёфтани дастаҳо ба даври баъдӣ дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ муайян мегардад.