Натиҷаи бозиҳои рӯзи 5-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Рӯзи 5-уми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 бо рақобати тимҳои Швейтсария бо Камерун оғоз гардид. Рақобати дастаҳо бо натиҷаи минималии 1:0 бар нафъи футболбозони Швейтсария хотима ёфт. Голи ягонаи ин вохӯриро Бреел Эмболо ба самар расонид, лекин аз голи задааш истиқбол накард, чунки ӯ дар Камерун таваллуд шудааст ва шарафи тими мунтахаби Швейтсарияро ҳимоя мекунад.

Бозии дигар байни дастаҳои Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ сурат гирифт, ки бо натиҷаи мусовии 0:0 ба охир расид ва дар ин рақобат ғолиб муайян нагардид.

Баъд аз рақобати Уругвай бо Кореяи Ҷанубӣ рақобати Португалия бо мунтахаби Гана доир гашт.
Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар мунтахабҳои Португалия ва Гана бо ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “974, Доҳа” баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 бар нафъ португалиҳо хотима ёфт. Нимаи аввали бозӣ пурра ҷониби португалиҳо буд, лекин шогирдони Сантуш натавонистанд ба задани гол даст ёбанд.

Дар нимаи дуюми бозӣ португалиҳо бо шарофати партофти Феликс ва бозигузории Криштиану Роналду зарбаи ҷаримавӣ кор карданд. Зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ)-ро, Криштиану Роналду ба самар расонд ва ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Лекин пас аз 8-дақиқа сарвони тими мунтахаби Гана Аю ҳисобро баробар кард ва интригаро ба бозӣ баргардонид. Баъди голи задаи Аю шогирдони Сантуш якбора ду голи дигаро ба дарвозаи Ати-Зига ворид намуданд. Голҳоро Жоау Феликс ва Рафаел Леау ба самар расониданд. Бозигарони тими миллии Гана ба ин боз як зарбаи саҳеҳ ҷавоб доданд ва ҳамин тариқ бозӣ бо натиҷаи 3:2 ба фоидаи тими мунтахаби Португалия ба охир расид. Бояд қайд намоем, ки дар рақобат ҳамлавари саршиноси мунтахаби Португалия Криштиану Роналду аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) гол ба самар расонид ва рекорд гузошт. Роналду аввалин бозингар дар таърих гардид, ки дар панҷ Мундиали иштирок намудааш ба задани гол даст ёфтааст. Ӯ дар Чемпионатҳои ҷаҳонӣ солҳои (2006, 2010, 2014, 2018, 2022) иштирок карда ба задани гол ноил шудааст.
Бозии охирине, ки дар дили шаб баргузор шуд, ин бозии тими мунтахаби Бразиля ва Сербия ба ҳисоб меравад, ки бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи бразилягиҳо ба поён расид. Голҳоро аз дастаи ғолиб Ришарлисон ба самар расонид.