Натиҷаи бозиҳои рӯзи дуюми Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон Қатар-2022 се бозӣ баргузор гардид. Бозии аввал миёни тимҳои Англия ва Эрон доир шуд. Дар ин бозӣ нимҳимоятгари дастаи “Арсенал” Букайо Сака ду гол ба самар расонид ва ҷавонтарин футболбози англис шуд, ки дар 21-солагиаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дубл кард. Рақобат миёни ин тимҳо дар варзишгоҳи байналмилалии Халифа дар Доха баргузор гардида, бо пирӯзии англисҳо бо ҳисоби 6:2 хотима ёфт.

Голҳоро аз ҳайати дастаи ғолиб (Англия) Ҷуд Беллингем, Букайо Сака, Раҳим Стерлинг Маркус Рашфорд ва Ҷек Грилиш ба самар расониданд.
Ду голи мунтахаби Эронро Тареми марбути номи худ кард.

Рақобати дигар миёни тимҳои Ҳолланд ва Сенегал баргузор гардид, ки бо ғалабаи мушкили футболбозони Ҳолланд ба охир расид. Бозӣ бо натиҷаи 2:0 бар нафъи шогирдони Ван Гал анҷом ёфт. Дар охири вохӯрӣ ҳоландиҳо ба дарвозаи Сенегал ҳамлаи тӯлонӣ анҷом доданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагар Коди Гакпо бозии бисёр олӣ нишон дода, тӯбро ба дарвозаи рақиб ворид намуд. Дар дақиқаҳои иловагии бозӣ Классен ба натиҷаи ин дидор нуқта гузошт.

Бозии дигар дар рӯзи дуюми Ҷоми Ҷаҳон миёни мунтахабҳои ИМА ва Уэлс сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Аҳмад Бин Али”-и шаҳри Эр-Райян баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар қисми аввали рақобат бозигузории амрикоиҳо беҳтар ба назар мерасид ва онҳо тавонистанд бо голи задаи Тимоти Веа ба пеш баромаданд. Дар нимаи дуюм бозӣ бошад Уэлс ташаббусро ба дасти худ гирифт. Ин ҳам пас аз ҷароҳат бардоштани 3-футболбози амрикоиҳо ба вуқуъ пайваст. Уэстон Маккени ва Кристиан Пулишич бозиро то ба охир идома дода натавонистанд. Уэлс пас аз иваз кардани ин бозингарон ба дарвозаи ҳариф фишорҳои пай дар овард ва тавонист, ки пеналтӣ кор кунад. Зарбаи 11-метраи ҷаримавиро ҳамлагари бомаҳорати даста Гарет Бэйл бо як боварӣ ба самар расонид. Ин голи Бэйл Уэлсро аз бохт наҷот дод.