1 ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
Тибқи лоиҳа, баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Панҷ 34 метр буда, матои он 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Иншооти фарҳангию оммавӣ дар идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва сатҳу сифати баланд аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” навсозӣ ва бунёд шудааст.
Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Панҷ ҳамчун рамзи истиқлолу пойдории давлат дар идомаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба симои шаҳрак зебоии хосса зам мекунад ва эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллиро дар замири сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон бедор менамояд.
Роҳравҳои атроф ва ҳудуди иншоот бо санъати баланди меъморӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо ниҳоли дарахтони гуногуни ороишию ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг зиннат ёфтааст.
Бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди иншооти фарҳангӣ 28 нишастгоҳ ва 8 суҳбаткада гузошта шуда, 4 фаввора бо тарҳу шакли муосир бунёд гардидааст.
Равшании ҳудуди Парчами давлатӣ ва Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷро шабона чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл, аз ҷумла 9 адад бо баландии 10 метр таъмин мекунад.
Ҳамзамон барои дастрасии сокинону меҳмонон ба хизматрасониҳои замонавӣ дар ҳудуди боғ нуқтаи хизматрасонӣ ташкил гардида, бо мақсади нигоҳдории тозагии иншооти фарҳангӣ дигар тадбирҳои муҳим низ амалӣ гардидаанд.
Дар Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ дар асоси лоиҳа аттраксионҳо барои бозӣ ва дилхушии кӯдакон насб шудаанд.
Дар Майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷ барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам буда, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни оммавии фарҳангиву фароғатӣ хеле мувофиқ мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо фаъолону ҷавонон навсозӣ гардидани Боғи фарҳангию фароғатӣ ва парафшонии Парчами давлатиро дар маркази ноҳияи Панҷ дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатдорӣ маънидод карданд.