Падидаи Президент дар адабиёти илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун падидаи замони муосир ба ҳисоб меравад. Мафҳуми падидаи «Президент» аз калимаи лотинии praesidens – гирифта шуда ба маънои дар сафи пеш нишастан ва ё раиси намуданро ифода менамояд.
Агар ба таърихи таҷрибаи давлатдории ҷаҳон назар намоем, аввалин маротиба калимаи Президент дар Конститутсияи ИМА соли 1787 истифода бурда шудааст.
Аҳамияти падидаи Президент бо мақсади таъмини қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати пойдории давлат, мураттаби фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Таърихи идоракунии давлатдорӣ дар ҷаҳон исбот намуд, ки ҳар як давлат ба таври хоси худ рӯзи Президентро ҷашн мегиранд.
Барои мисол, дар ИМА дар рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал ба муносибати рӯзи таваллуди Джордж Вашингтон, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 1 декабр ба муносибати рӯзи аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷашн гирифта мешавад.
Лозим ба зикри хос аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз таҷрибаи давлатдории дигар давлатҳоро омӯхта вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосаи омадаанд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудан ва ҷашн гирифтани он ба мақсад мувофиқ мебошад.
15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Интихоб гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ба шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Зеро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли миллии Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, марбут мебошад.
Хизматҳои беҳисоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамчун Президент – шахси масъулиятшинос, кордон, ҷиддӣ ва шахсияти таърихӣ дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соқибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррификунандаи давлату миллат баромад менамояд, ки ҳамин асосҳои болозикр меъёри конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ба Президент кафолати ҳуқуқи сухан намудан аз номи тамоми халқи Тоҷикистон дар Конститутсия муқаррар намудааст.
Дар доираи ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дарсҳои кушод баргузор мегарданд.
Бо дарназардошти аҳамияти дарки таърихӣ доштани мавзӯи мазкур бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми кишварро самимона табрик намуда, таманнои онро дорам, ки сулҳу субот, хушбахтӣ, гулгулшукуфоии Ватан то абад пойдор бошад.
Зариф Умед Мирзомиддин,
сармутахассиси раёсати коргузорӣ
ва назорати Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз www.adliya.tj